Табрикоти Подшоҳ ва Валиаҳди Саудӣ ба Президенти Тоҷикистон бо солгарди Рӯзи Истиқлолият

08.09.2019 15:36

PHOTO-2019-09-08-300x166.jpg

Ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи табрикӣ ворид гардид, ки дар он Подшоҳ аз номи худ, мардум ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ беҳтарин табрикот ва таманниётро иброз карда, тансиҳатӣ ва саодатмандиро барои Ҷаноби Олӣ орзу намудааст ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ изҳор дошта аст.

Ҳамзамон, ба унвони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат барқияи табрикии Валиаҳди Мамлакати Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ворид гардид, ки дар он Шоҳзода беҳтарин табрикот ва таманниёти худро иброз дошта, тансиҳатӣ ва саодатмандиро барои Ҷаноби Олӣ орзу намудааст. Дар барқия ҳамчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно гардидааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg