Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

20.11.2019 14:33

19 ноябр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз ба муносибати солгарди 25-уми қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти васеъи матбуотӣ орост, ки дар он шумораи зиёди хабарнигорон ширкат варзиданд.

Дипломати тоҷик доир ба дастовардҳои даврони Истиқлоли Тоҷикистон, аҳамияти ҳуқуқӣ ва таърихии  Конститутсия, ҷаҳду талошҳои шаборӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди кишвар маълумоти муфассал дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари орому босубот ва дорои имкониятҳои фарохи пешрафту шукуфоӣ ва ҳамчунин ба як сарзамини зебою ҷаззоб барои сайёҳону сармоягузорон ва дӯстдорони табиати зебо ва таъриху фарҳанги пурғановат табдил ёфтааст.

Бо зикри он, ки сол ба сол шумораи сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон бо сабаби тақдими сабукиҳои зиёд рӯй ба афзоиш дорад, аз сайёҳон ва сармоягузорони араб даъват карда шуд, ки ба густариши робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари мо таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд.

Заробиддин Қосимӣ ва чанде аз сармоягузорону дӯстони араби Тоҷикистон, ки бо кишвари мо аллакай робитаҳои босамар доранд, ба суолҳои сершумори ҳозиринпосух гуфта, бо имконоти ҳамкорӣ дар ин сарзамини биҳиштосо онҳоро ошно намуданд.

YK3531.jpg

YK3585.jpg

YK3632.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg