1 декабр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо муовини раиси Агентии ватании мубориза бо коррупсияи Шоҳигарӣ д-р Носир ибни Аҳмад Абоалхайл мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ин соҳа баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб зарурати чунин ҳамкорӣ ва омодагии худро ба таҳким ва густариши он таъкид намуданд.