Вохӯрии Сафири бо роҳбари ширкати саудии World Luxury Group

20.12.2019 17:32

18 декабр Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ роҳбари ширкати Маҷмуат-ул-Фахома ал-Оламийя (World Luxury Group) Аҳмад Ал Урайҷро, ки ҳамчунин роҳбари форуми байналмилалии Саудӣ доир ба саёҳати табобатӣ мебошад, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ривоҷи ҳамкории сайёҳию сармоягузорӣ, аз ҷумла сайёҳии табобатӣ, миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудию дигар кишварҳои арабии халиҷӣ баррасӣ шуд.

Аҳмад Ал Урайҷ дар посух ба тарғибу ташвиқи Сафир ва ҳамчунин бо таъкиди зебоиҳои Тоҷикистон ва фарҳанги волою пурғановати тоҷикон  изҳор дошт, ки барои ба як самти нави саёҳати сайёҳони араб табдил додани Тоҷикистон омода аст ҷаҳду талош намояд.

image-19-12-19-10-00.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg