Вохӯрии Сафир бо Вазири корҳои дохилии Саудӣ

12.02.2020 13:27

12 феврал Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Вазири корҳои дохилии мамлакат Шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ ва терроризму экстремизм баррасӣ шуд.

Бо ёдоварӣ ва қаноатмандӣ аз сафари Шоҳзодаи мазкур ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли 2018 баргузор гардида буд, изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории мақомоти дахлдори ду кишвар минбаъд низ пайваста таҳкиму густариш хоҳад ёфт.

image-13-02-20-12-16_large.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg