Вохӯрии Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Саудӣ

11.03.2020 10:54

11 март Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии мамлакат доир ба масоили умумӣ Абдулилоҳ ибни Ҳасан оли Шайх мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

aksi-vokhuri-2.jpg

aksi-vokhuri-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg