Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор доранд!

19.03.2020 15:33

Иттилоъ дода мешавад, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвари иқомат айни ҳол дар қаламрави ин кишвар 171 нафар гирифтори бемории сироятии коронавирус COVID-19 гардидаанд ва ин Ҳукумати Шоҳигарии Арабситони Саудиро водор намудааст, ки ҷиҳати пешгирии интишори бештари он чораҷӯӣ намояд. Тамоми ҳолатҳои гирифторӣ зери назорат қарор доранд.

Дар ин робита, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз ба донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвари иқомат ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор доранд, муроҷиат намуда, изҳори хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус эҳтиёткориро дар маконҳои маҳалли зист пеша гиранд ва тибқи тавсияҳои сохторҳои марбута амал намоянд.

Тозагӣ ва гигиенаи шахсиро ҳатман риоя намоянд!

Ҳамзамон хоҳиш мегардад, ки дар ҳолати эҳсос намудани нишонаҳои гирифторӣ, аз қабили ҳарорати баланд, хастагии ҷисм, сулфаи хушк ва нафаскашии душвор ҳатман ба марказҳои тиббӣ муроҷиат намоянд ва Сафоратро дар ҷараён гузоранд.

 

Дар ҳолати зарурат ба телефонҳои боварӣ ва ё суроғаи электронии Сафорат муроҷиат намоед:

Телефонҳо: +966112054709; +966554041883; +966500081876.

Суроғаи электронӣ: tajembsaudi@ mfa.tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg