Сафорат ба маълумоти шаҳрвандони муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мерасонад, ки Вазорати тандурустии кишвари иқомат маркази махсуси машваратии шабонарӯзиро барои қабули муроҷиатҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии "Коронавирус" ташкил додааст ва ҳар як шахс метавонад ба рақами (937) занг зада, оид ба вазъи саломатиаш арз намояд.
Ҳамчунин, Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 20 беморхонаро барои муолиҷаи шахсони сироятёфтаи "Коронавирус" муҷаҳҳаз гардонидааст.
Беморхонаҳое, ки дар минтақаҳои асосии будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мушаххас шудаанд, инҳоянд:
№ |
Номи минтақа |
Номи беморхонаи аввалия |
Номи беморхонаи эҳтиётӣ |
1 |
шаҳри Риёз |
Беморхонаи амир Муҳаммад ибни Абдулазиз Тел: 0112616666 |
Беморхонаи имом Абдулраҳмон Алфайсал |
2 |
шаҳри Маккаи Мукаррама |
Беморхонаи Алнур Тел: 0112616666 |
|
3 |
шаҳри Ҷидда |
Маркази тиббии Шоҳ Абдуллоҳ Тел: 0122285000 |
Беморхонаи шарқии Ҷидда |
4 |
шаҳри Мадинаи Мунаввара |
Беморхонаи умумии Оҳуд Тел: 0148300016 |
|
5 |
шаҳри Тоиф |
Беморхонаи Шоҳ Файсал Тел: 0127446555 |
|
6 |
шаҳри Қассим |
Беморхонаи умумии Бурайда Тел: 0163251414 |
Беморхонаи Шоҳ Сауд |
Маълумоти зарурӣ вобаста ба пешгирии паҳншавии "Коронавирус" :
https://www.moh.gov.sa/awarenessplateform/VariousTopics/Documents/PreventCOVID19-Rus.pdf