10 июни 2020 нишасти фавқулодаи видеоии Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии таҳдидҳои Давлати Исроил дар мавриди аз худ намудани бахше аз заминҳои Фаластин баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд. Муовини вазир ҳангоми суханронӣ аз Фаластин ва Исроил даъват намуд, то музокироти мустақимро аз сар гирифта, аз ҳар гуна амалҳое, ки ба сулҳу субот дар минтақа осеб мерасонанд, худдорӣ кунанд ва ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли созанда ва одилонаи қазияи Фаластин бар пояи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, усули пазируфта, ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ташаббуси сулҳи арабӣ ҳамкорӣ намоянд.