Вохӯрии Сафир бо роҳбарияти Сандуқи сармоягузории давлатии Саудӣ

25.06.2020 10:29

24 июн Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо роҳбари мудирони Сандуқи сармоягузории давлатии Саудӣ Язид ибни Абдурраҳмон Алҳумаййид ва сардори сарраёсати сармоягузории хориҷии ин ниҳоди бонуфузи мамлакат Туркӣ ибни Абдурраҳмон Алнувайсир суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Дар мулоқот масоили вобаста ба сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳандозии робитаҳои бевоситаи соҳибкорони бонуфузи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ таъкид дошта, ба роҳ мондани вохӯрӣ ва форумҳои видеоии иқтисодию сармоягузории муштаракро бо иштироки доираҳои васеъи ҳарду ҷониб зарур донистанд.

PHOTO-2020-06-24-19-41-46.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg