Супоридани нусхаи эътимоднома ба муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

07.10.2020 09:35

6 октябри соли 2020 дар шаҳри Риёз маросими супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аззом ибни Абдулкарим Ал- Қайн баргузор гардид.

Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома Сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба робитаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои густариши онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

07-10.jpg

07-10-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg