19 октябри соли 2020 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд.