25 октябри соли 2020 Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Раиси Фонди Рушди Саудӣ Холид ибни Сулаймон Ал-Худайрӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои муштарак аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.