26 октябри соли 2020 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ оид ба умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдураҳмон ал-Рассӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвари дӯстро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.