26 октябри соли 2020 Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ А. Каримӣ дар нишасти ғайринавбатии маҷозии Кумитаи намояндагони доимии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ доир ба пащншавии пандемияи COVID-19 иштирок намуд.
Дар ҷараёни нишаст иштирокдорон талошҳо ташаббусҳо, ва таҷрибаҳои кишварҳои аъзои СҲИ-ро ҷиҳати мубориза бо пандемияи COVID-19 баррасӣ намуданд ва инчунин, атрофи нақшаҳо ва иқдомҳои муштарак дар ин самт табодули назар карданд.