10 ноябри соли 2020 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Шӯрои палатаҳои Арабистони Саудӣ ва раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Риёз Аҷлон ибни Абдулазиз Ал -Аҷлон доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва инчунин роҳҳои таҳкими робитаҳо байни бахшҳои хусусии ду кишвар баррасӣ шуданд.