Мулоқоти Сафир бо Роҳбари Маркази имдодрасонии шоҳ Салмон

07.12.2020 11:55

6 декабри 2020 Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ А. Каримӣ бо Мушовири Девони подшоҳӣ ва Роҳбари Маркази имдодрасонӣ ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиа мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи умури инсонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои муштарак дар самти мубориза бо пандемияи “Ковид-19” ва раванди татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати роҳандозии минбаъадаи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак таъкид намуданд.

08-12.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg