4 январи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба минтақаи Қасими Подшоҳӣ бо Амири минтақаи мазкур шоҳзода Файсал ибни Мишъал Оли Сауд мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо истифодаи зарфиятҳои ду кишварро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ салоҳ донистанд.
Ҳангоми сафари корӣ инчунин мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи тиҷорат ва саноати минтақаи Қасим Муҳаммад Ал-Ҳаная ва Раиси Кумитаи рушди иқтисод ва сармоягузории минтақа доктор Юсуф Ал-Орайнӣ доир гардиданд.