Мулоқот бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ

05.01.2021 15:14

5 январи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ  бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал - Ҳарбӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба аҳаммияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва роҳандозии форумҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони бахшҳои хусусӣ таъкид карданд.

05-01-6.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg