Рӯнамоии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар Риёз

28.01.2021 08:49

27 январи 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Тоҷикистон Акрам Каримӣ бо намояндагони бахшҳои саноат ва содироти Подшоҳии Арабистони Саудӣ, бо шумули  муовини раиси Агентии содирот Абдуллоҳ Ал-Убайд, мушовири Вазири саноат ва захираҳои минералии Арабистони Саудӣ Умар Ал-Шамлон ва муовини сардори бахши саноати хӯроквории вазорати мазкур Маршад Ал-Маршадӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони саудӣ ба бахши саноатии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Инчунин перомуни зарфиятҳои содиротии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Дар рафти дидор имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаҳои обу энергентика, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ  ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тариқи презентатсия муаррифӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg