Мулоқот бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ

16.02.2021 09:35

15 феврали 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фадлӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин замина, роҳандозии ҳамкории мустақим байни бахшҳои хусусии ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.

Инчунин, ҷонибҳо ба зарурати таҳияи лоиҳаҳои санадҳои ҳамкории дуҷониба дар  бахши кишоварзӣ таъкид карданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg