17 феврали 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо ноиби Раиси ширкати ҳолдингии “AlHokair Group” ва Раиси Кумитаи туризми Шӯрои палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Моҷид Ал-Ҳукайр мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ва роҳҳои ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.