Мулоқот бо Амири минтақаи Маккаи Арабистони Саудӣ

22.02.2021 10:26

21 феврали 2021 дар  Ҷидда вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид Ал-Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои судманд дар партави роҳнамоиҳои роҳбарони ду кишвар таъкид намуданд.


 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg