Вохӯрӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

09.03.2021 16:17

9 марти 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  дар масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ  Ид Ал-Сақафӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба унвони Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси 9-уми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" доир ба Афғонистон, ки 30 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  супорида шуд. 
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg