Супоридани эътимоднома ба Шоҳи Арабистони Саудӣ

18.03.2021 09:42

17 марти 2021 дар Риёз маросими супоридани эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Дар ҷараёни маросим Сафир ба Шоҳи Арабистони Саудӣ дуруду паём ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ мебошад.

Дар навбати худ, Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз салом ва эҳтиромоти фоиқаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта,  таҳкими ҳамкориҳои босамарро бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард ва ба Сафир дар пешбурди фаъолияти дипломатӣ комёбӣ орзу намуд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg