Иштирок дар нишасти 41-уми Шӯрои иҷроии ИСЕСКО

31.03.2021 00:51

30-31 марти 2021 нишасти 41-уми Шӯрои иҷроии Созмони исломӣ доир ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шакли маҷозӣ доир гардид, ки дар он  Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ  иштирок кард. 
Иштирокдорони ҳамоиш тағйиру иловаҳо ба Оинномаи комиссияҳои миллии ИСЕСКО, низомномаи барномаи мутахассисони ҷавон, рақамисозии созмони мазкур, ҳисоботи дафтарҳои минтақавии он ва масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи илму маорифро баррасӣ карданд.
Зимни суханронии худ дар чорабинӣ Сафири Тоҷикистон ҳавасмандии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории судманд бо ИСЕСКО изҳор дошт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg