Истиқбол аз “ИСТИҚЛОЛ” дар Арабистони Саудӣ

11.04.2021 15:15

Субҳи 11 апрели соли 2021 дастаи фуболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2021 вориди шаҳри Риёз – пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуд.
Ҳайати дастаи қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанберо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Риёз Сафир ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва намояндагони расмии Федератсия футболи Арабистони Саудӣ истиқбол гирифтанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-202, ки рӯзҳои 14-30 апрели 2021 дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаи қаҳрамони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаҳои «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, «Шабоб Ал-Аҳлӣ»-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, «Ал-Ғарофа»-и Қатар ва «АГМК»-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg