Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

05.05.2021 17:56

4 майи 2021 дар Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф Ал-Усаймин баргузор гардид.

Дар мулоқот ба Дабири кулли Созмони мазкур дар бораи таҳаввулоти вазъ дар минтақаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва сабабҳои сар задани ҳодисаҳои ахир дар ин минтақа маълумоти муфассал дода шуд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон идомаи раванди музокиротро роҳи ягонаи ҳалли қазияи сарҳадӣ бо кишвари ҳамсоя медонад ва дар баробари ин барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тамомияти арзии худ аз тамоми роҳҳои қонунӣ истифода хоҳад кард.

Аз ҷониби худ, Дабири кулли СҲИ аз муътадил шудани вазъ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва идомаи раванди музокирот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуд. Юсуф Ал-Усаймин қайд кард, ки СҲИ дар робита ба қазияҳои дуҷонибаи кишварҳои узв мавқеи бетарафиро ихтиёр менамояд ва дар ҳолати зарурат ба раванди ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо мусоидати худро мерасонад.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СҲИ баррасӣ шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg