Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

04.05.2021 18:41

3 майи 2021 дар Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдураҳмон Ал-Рассӣ  баргузор гардид.

Дар мулоқот ба ҷониби саудӣ шарҳи муфассали ҳодисаҳои ахир дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ироа гардид ва дар ин замина нақши созандаи роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва ҳалли буҳрон таъкид шуд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg