Вохӯрӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ

25.05.2021 21:51

25 майи 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ  дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ  Ид Ас-Сақафӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба даври якуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки баргузории он 26 майи соли ҷорӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст, баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо  инчунин перомуни раванди омодагӣ ба  ҷаласаи навбатии Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ табодули назар карданд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg