Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

26.05.2021 15:11

26 майи 2021 нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид ас-Сақафӣ роҳбарӣ намуданд.

Дар ройзаниҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика ва гардишгарӣ баррасӣ шуда, дар ин замина зарурати таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид. Гузашта аз ин, дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва масъалаҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар ҳамаи арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона тавсеа ва таҳким меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти лоиҳаҳое, ки Бонки исломии рушд ва Сандуқи рушди саудӣ дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунанд, таъкид гардид.

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагию рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg