Изҳороти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

23.06.2021 23:21

ш. Риёз, 23.06.2021

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамлаҳои ахири ҷамоати “Ҳусиён”-ро ба минтақаҳои аҳолинишин ва иншооти мулкӣ ва иқтисодии Подшоҳии Арабистони Саудӣ маҳкум месозад. 
Тоҷикистон гуфтушунид ва муколамаи созандаро василаи ягона барои ҳаллу фасли низоъҳо арзёбӣ мекунад ва дар ин замина аз ташаббуси Подшоҳии Арабистони Саудӣ доир ба эҷоди сулҳ ва ҳалли сиёсии фарогир дар Ҷумҳурии Яман таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд.
 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg