Тибқи Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 52 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз 1 январи соли 2022 низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ мегардад.
Шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои хориҷие, ки дар қарори мазкур дарҷ шудаанд, метавонанд бидуни раводид ба Тоҷикистон ворид шуда, ба муддати 30 рӯз дар қаламрави он иқомат кунанд.