24 ноябри 2021 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷаласаи Гурӯҳи диди стратегии “Россия - ҷаҳони ислом” таҳти унвони ”Россия ва ҷаҳони ислом: муколама ва дурнамои ҳамкорӣ” бо иштироки намояндагони воломақоми Федератсияи Россия ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иштирок намуд.