Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ояндаи маъданҳо (Future Minerals Forum)

12.01.2022 20:37

11 январи 2022 дар шаҳри Риёз Форуми байналмилалӣ дар бораи дурнамои истихроҷи маъданҳо (Future Minerals Forum) ба кори худ шурӯъ кард.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии форуми мазкур Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар шакли маҷозӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ба таври ҳузурӣ иштирок карданд.

Зимни суханронии худ дар Форум Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи захираҳои бойи табиӣ ва  имкониятҳои васеи Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъданҳо маълумот дода, ҷонибҳои ҳавасмандро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон даъват намуд.

Форуми ояндаи маъданҳо (Future Minerals Forum) дар Риёз то 13 январи 2022 идома хоҳад ёфт.

IMG-4966-1.jpg

IMG-5320-1.jpg

IMG-5254-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg