ТАВАҶҶӮҲ!

07.04.2022 10:42

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия иттилоъ медиҳад, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия низоми яктарафаи бекор намудани раводид ҷорӣ шудааст (рӯйхат замима мегардад).

Шаҳрвандони он кишварҳо метавонанд бо ҳама намуди шиносномаҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе раводид ворид шаванд ва дар ҳудуди он ба муҳлати то 30 рӯз бимонанд.

Ҳамзамон, шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди маъмулӣ доранд ва ё нисбати онҳо низоми бераводид барои омаду рафт ва будубош дар Тоҷикистон ҷорӣ карда шудааст, уҳдадоранд дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ё корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (танҳо барои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ) аз қайд гузаранд, ба истиснои шаҳрвандони кишварҳое, ки дар асоси созишномаҳои дахлдор аз бақайдгирӣ ба муҳлатҳои муайян озод мебошанд.

Бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва сайёҳон ба ҷумҳурӣ, барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ инчунин тартиби соддаи қоидаҳои омаду рафт ва будубоши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Бо тартиби содда раводиди ҳамаи категорияҳо метавонад ба шаҳрвандони 126 давлат, ки номгӯи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 тасдиқ шудааст, дода шавад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg