Санаи 27 апрели соли 2022 дар бинои Вазорати тиҷорати Туркия вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири тиҷорати Туркия Мустафа Тузҷу баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.