Вохӯрии маҷозӣ байни Вазирони энергетикаи Тоҷикистону Туркия

29.04.2022 06:20

Санаи 28 апрели соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара байни Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа ва Вазири энергетика ва захираҳои табии Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Фатиҳ Донмез вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба иқтидори энергетикии хеш ва имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳо дар самти тавлиди энергия “сабз” бо истифода аз платформаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, Далер Ҷумъа аз фурсати мусоид истифода бурда Вазири энергетика ва захираҳои табии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд ва ҷониби туркӣ даъватро бо хушнудӣ пазируфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg