Cафари ҳайати вилояти Cуғди Тоҷикистон ба Туркия таҳти роҳбарии Раиси вилоят ва соҳибкорони Суғдӣ, аз 15 то 21 майи соли 2022

24.05.2022 15:24

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара 15-21 майи соли 2022, сафари ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷумҳурии Туркия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақҳои Анталия, Кайсерӣ ва Истанбул баргузор гардид.

15-16 май ҳайати мазкур аз осорхонаи археологӣ, гармхонаҳои парвариши меваҳои ситрусӣ, помидор, бодиринг ва қулфиной инчунин корхонаҳои истеҳсоли шириниҳои миллӣ ва нуриҳои минералӣ, ки дар минтақаи муташаккили саноатии Анталия ҷойгиранд, дидан намуд. Зимни сафар вохӯрии Раиси вилоят бо Волии вилояти Анталия Эрсин Язиҷӣ, Раиси палатаи саноат ва тиҷорат ва роҳбари минтақаи муташаккили саноатӣ доир шуд. 16 май ҳамзамон, форуми иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо иштироки ҳайати расмӣ баргузор гардида, гуфтушунид байни соҳибкорон дар формати В2В ташкил шуд.

17-18 май вохӯрии Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Волии Кайсерӣ доктор Абдуллаҳ Калкан ва раиси палатаи саноат баргузор гардид. Дар рафти ташриф аз шаҳри Кайсерӣ ҳайати расмӣ ва тиҷоратӣ аз корхонаҳои пойафзолдӯзӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти чармӣ, техникаи маишӣ, ришта, нӯшокиҳои ташнашикан, муррабо, панир, шириниҳо, коркарди сангҳои гуногуни минтақаи муташаккили саноатии Кайсерӣ боздид кард. 18 май бо иштироки ҳайати расмӣ форуми иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор шуд ва дар доираи он соҳибкорон дар формати В2В гуфтушунид анҷом доданд.

Сафари ҳайати расмӣ ва тиҷоратии вилояти Суғд бо ташрифи шаҳри Истанбул 19-21 май идома ёфта, вохӯрии Раҷаббой Аҳмадзода бо Волии Истанбул Али Ерликая баргузор шуд. Замнан дар рафти боздид аз минтақаи муташаккили саноатии Истанбул ҳайат аз корхонаҳои истеҳсоли маснуоти заргарӣ, маҳсулоти гигиенӣ, дастгоҳҳои прескунӣ, таҷҳизоти равшанидиҳанда, маҳсулоти пластикӣ барои техникаи маишӣ, маҳсулоти гуногун барои истифода дар шаҳрсозӣ аз пластики композитӣ, қуттиҳои қоғазӣ, дидан намуд.

Дар рафти вохӯриҳо ва ташриф аз минтақаҳои муташаккили саноатии Туркия, ҷонибҳо ҳавасмандии худро аз густариши муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ иброз намуда, дар бобати ба сатҳу сифати нав баровардани онҳо иброз назар намуданд.

Зимни сафари корӣ намояндагони суғдӣ аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаву коргоҳҳои пойафзолдӯзӣ, заргарӣ, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот боздид баамал оварда, ҳамзамон таҷрибаи Туркия дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор дода хоҳад шуд.

Дар фарҷоми вохӯриҳои мазкур байни ширкатҳои мухталиф зиёда аз 14 протокол ва ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg