Сафари ҳайати ҳукуматию тиҷоратии Туркия ба Тоҷикистон

30.05.2022 05:51

Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Анқара рӯзҳои 18-21 майи соли 2022 ҳайати ҳукуматию тиҷоратии Туркия таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия доктор Четин Алӣ Донмез, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноат ба Тоҷикистон сафар намуд.

19 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид. Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинии мазкур вохӯрии соҳибкорону сармоягузорон дар шакли “В2В” ва маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ сурат гирифт. Дар кори форуми мазкур намояндагони 21 ширкати туркӣ аз соҳаҳои саноати сабук, мошинсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоту маҳсулоти кишоварзӣ, мебел ва ғайра, инчунин аз ҷониби Тоҷикистон 100 нафар соҳибкорон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат намуданд.

Зимни сафар ҳайати расмии туркӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ вохӯриҳо анҷом дода, муҳиммияти рушди ҳамкориҳо иқтисодию тиҷоратиро таъкид намуданд.

Инчунин, ҳайати туркӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Данғара дар сатҳи баланд пазируфта шуда, аз корхонаҳои «Ширкати алюминийи тоҷик», «Акиа Авесто Автоматив Индастри», «Coca-Cola Tajikistan», «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстайл», майдони пахта дар Данғара ва Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боздид ба амал овард.

Бо мақсади татбиқ намудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди соҳибкории хурду миёна байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи рушд ва дастгирии саноати хурд ва миёна (KOSGEB), нақшаи амал, аз ҷумла барои таъсиси фонди сармоягузории муштараки Тоҷикистону Туркия ба имзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg