Вохӯрии Сафир бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Виорел Гутсу

03.06.2022 10:38

2 июни соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара Ашрафҷон Гулов бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо, аз ҷумла истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд, муҳокима намуданд.

285478920-400049505470209-1637728915802431643-n.jpg

285682997-400049522136874-4704512380648477675-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg