Вохӯрии маҷозии Сафир бо роҳбарияти вилояти Хатлон ва раисони ноҳияҳои Балҷувон, Данғара ва Фархор

03.06.2022 10:49

Бо мақсади саривақт ва сифатнок таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 3 июни соли 2022 вохӯрии маҷозӣ бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Гулов Ашрафҷон, муовини Раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр, Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин, Раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф, масъулини Вазорати корҳои хориҷӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, иқдомҳои муштараки сафорат ва мақомот вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати ҳамоҳангсозии раванди ҷалби сармояи хориҷӣ ба ноҳияҳои болозикр, инчунин таъмини ҳамоҳангсозии корбариҳо ва мониторинги иҷроиши ҳадафҳои гузошташуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

285876000-400553192086507-7549414461426211486-n.jpg

286059385-400554178753075-7041752899826118713-n.jpg

282317642-400553085419851-4378389665855803352-n.jpg

286009357-400553088753184-7470512101825518836-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg