Таҷлили 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии Туркия бо кишварҳои дӯст ва бародар

07.06.2022 11:07

6 юни соли 2022 пазириши Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Мевлут Чавушоғлу ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии Туркия бо кишварҳои дӯст ва бародар баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов ва сафирони Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина иштирок варзиданд.

Дар суханронии худ Мевлут Чавушоғлу қайд кард, ки саҳмгузорӣ дар субот ва рушди Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Туркия маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, номбурда оид ба ҳамкориҳои судманди гуногунҷабҳаи Туркия бо кишварҳои мавриди таваҷҷуҳро хотирнишон кард.

Дар ҳошияи чорабинӣ суҳбати Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

286565687-402696298538863-273204632956990282-n.jpg

283797198-402698735205286-1513170491693442952-n.jpg

286937583-404034698405023-4577016172313246257-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg