Вохӯрии Сафир бо ҳайати мухбирони рӯзномаи «Dunya»

13.06.2022 09:19

10 июни соли 2022 вохӯрии Сафир бо ҳайати мухбирони рӯзномаи «Dunya» дар бинои намояндагӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаи ҳамкорӣ, алалхусус таҳияи замимаи махсус бо номи «Тоҷикистон» ва ташвиқи имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон дар он рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҳошияи вохӯрӣ мусоҳибаи Сафир бо мухбири рӯзнома Маруф Бузҷугил вобаста ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, доир шуд.

287447224-405413391600487-6369682170352191010-n.jpg

287507730-405413378267155-5387968539882072684-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg