Боздиди Сафир аз корхонаи нассоҷии APPRIVA-и минтақаи муташаккили саноатии Bolu ва баргузории нишасти корӣ бо онҳо

16.06.2022 04:34

Санаи 15 июни соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов аз корхонаи нассоҷии APPRIVA-и минтақаи муташаккили саноатии Bolu боздид намуда бо роҳбарияти корхона ва минтақа мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии нассоҷиро ба роҳ монда, афзалияти аввалиндараҷаи ширкат содирот ба кишварҳои Аврупо мебошад.

Зимни ташриф аз ҷониби Сафир ба роҳбарият корхона ва минтақа дар маҷмӯъ вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркия ва имкониятҳои сармогузории кишвар, аз ҷумла гардиши савдо, раванди ҷалби сармояи мустақими туркӣ ба Тоҷикистон, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат», навовариҳо дар самти бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба кишвар, мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз ва дигар маълумоти муфид дар шакли рӯнамо ва навор оид имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, манзур карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg