Мулоқоти Сафир бо ҳайати соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара

17.06.2022 12:31

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO), рӯзҳои 13-17 июни соли 2022 ҳайати соҳаи тандурустии кишвар ҷиҳати мубодилаи таҷриба дар соҳаи тибб ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуданд.

Дар ҳошияи сафари мазкур санаи 16 июни соли 2022 мулоқоти Сафир Ашрафҷон Гулов бо Директори генералии муассисаи саломатии ҷамъиятии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фатиҳ Кара дар идораи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар шаҳри Анқара бо иштироки масъулини вазорату идораҳои соҳаи тандурустии ду кишвар баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg