Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Анқара рӯзҳои 24-27 июли соли 2022 ҳайати соҳибкорони соҳаи саноати нассоҷии кӯдаконаи шаҳри Бурса бо сафари шиносоӣ ба Тоҷикистон сафарбар карда шуд.
Тибқи барномаи сафар ҳайати мазкур бо вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла саноат вохӯриҳо анҷом дода, аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва корхонаҳои нассоҷии кишвар боздид намуданд.