Рӯзҳои 27-30 июли соли 2022 бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ҳайати тиҷоратии соҳаи саноати нассоҷии шаҳри Болуи Туркия, аз ҷумла роҳбарияти Палатаи савдо ва саноат ва минтақаи муташаккили саноатӣ ба Тоҷикистон сафар намуд.
Зимни сафар, ҳайати болозикр бо роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Палатаи савдои Тоҷикистон вохӯриҳо анҷом дода, аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва корхонаҳои нассоҷии кишвар боздид намуданд.