Ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия

24.08.2022 17:10

23-24 августи соли 2022 дар шаҳри Анқара машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд. Дар кори он намояндагони сафорат низ иштирок намуданд. Ҷонибҳо номгӯи ягонаи санадҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд. Ҳамзамон, оид ба дурнамо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии дуҷониба, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва самти маҳфуздорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

FB-IMG-1661591477842.jpg

FB-IMG-1661591482632.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg