Сафари ҳайатҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Туркия

26.08.2022 17:25

31 июл - 7 август ва 21-26 августи соли 2022 сафари кории ҳайатҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Туркия доир гардид. Дар ҳамаи вохӯриҳо дар Анкара ҳайатро намояндаи сафорат ҳамроҳӣ намуд.

Зимни сафар ҳайатҳои болозикр дар шаҳрҳои Анкара, Истанбул ва Кония бо ҳамтоёни худ аз марказҳои тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ мулоқоти корӣ анҷом доданд. Вобаста ба самти ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳ миёни ходимони илмии ду кишвар табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимиро идома хоҳанд дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg